Сафари коршиноси МАГАТЭ ба муассисаи давлатии илмӣ «Маркази омӯзиши яхзори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»
Аз 9 то 13 майи соли 2022 сафари коршиноси Агентии Байналмилалии Энергетикаи Атомӣ (МАГАТЭ) ба муассисаи давлатии илмӣ «Маркази омӯзиши яхзори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи миллӣ TAD7004 — таъсиси иқтидори миллӣ барои арзёбии яхзор ва барфи табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Лоиҳа ба таҳқиқоти изотопии яхзор ва қабати барф равона шудааст, ки натиҷааш маълумоти боэътимод дар бораи ҳолати яхзор ва захираҳои обии Тоҷикистонро фароҳам меорад. Ин ба арзёбии воқеии фарсудашавии яхзор ва ҷорӣ шудани оби обшаванда кӯмак хоҳад кард ва барои нақшакашӣ ва идораи самараноки захираҳои об дар оянда муҳим аст.
Дар доираи сафари корӣ вохӯрӣ бо академик Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва директор Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва дигар намояндагони институтҳо ва марказҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳа бо афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Марказ мувофиқанд.
Ҳамчунин дар Маркази омӯзиши яхзор семинари таълимии се рӯзи бо мавзӯи «Нақшаҳои таҳқиқоти изотопии яхзор ва қабати барф дар Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он мутахассисон ва кормандони марказ ва намояндагони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ширкат доштанд. Ҳадафи асосӣ омӯзиши изотопҳои табиӣ ҳамчун нишондиҳандаҳои ҳолати яхзор ва таъсири тағйироти иқлим буд.
Намояндаи МАГАТЭ дар маърӯзааш оид ба фаъолияти МАГАТЭ сухан гуфт ва таъкид кард, ки фаъолияти асосӣ истифодаи атомро дар мақсадҳои осоишта, аз ҷумла дар илм, технология, тандурустӣ ва амният, таъмин менамояд. МАГАТЭ дорои шӯъбаи гидрологияи изотопӣ мебошад, ки барномаҳои захираҳои обиро таҳия ва татбиқ мекунад.
Гуфта шуд, ки дар доираи барномаи ҳамкории техникии МАГАТЭ бо давлатҳои узв барои беҳбудии дастрасӣ ва устувории захираҳои оби ширин тавассути арзёбиҳои илмӣ ҳамкорӣ менамояд.
Дар охири семинар профессор Каюмов Абдулҳамид, директори Марказ, иштирокчиёнро, аз ҷумла намояндаи МАГАТЭ ва Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ барои ҳамкорӣ ташаккур гуфт ва таъкид кард, ки лоиҳа асоси хубест барои татбиқи ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) ва инчунин дурнамои нави илмӣ дар соҳаи гляциология ва гидрология дар шароити тағйирёбии иқлимро мекушояд.
Фаъолияти лоиҳа аз ҷониби Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳамоҳанг карда мешавад.